Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои як шабакаи қочоқчии кудакону занон дар Аврупо


Мақомоти интизомии кишварҳои аврупоӣ мегуянд, рузҳои ахир онҳо 49 шаҳрванди Булғористонро боздошт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран пулиси Итолё як шабакаи қочоқчиро ифшо кард, ки дар қочоқи садҳо нафар кудак даст доштааст. Ин 49 нафар дар Итолё, Булғористон, Олмон ва Утриш боздошт шудаанд. Пулиси Итолё мегуяд, 75 нафари дигар таҳти тафтиш қарор доранд. 49 нафари боздоштшуда барои ғулом кардани кудакон, қочоқи одам ва маводи мухаддир муттаҳам дониста мешаванд. Бино ба иттилоъи пулиси Булғористон 30 нафари онҳо дар худи Булғористон дар ҷараёни амалиёти муштарак бо нируҳои Итолё боздошт шудаанд. Мақомоти Булғористон мегуянд, ин ҳалқаи ҷинояткорва қочоқгар занону кудаконро ба кишварҳои аврупои ғарбӣ қочоқ мекардааст.
XS
SM
MD
LG