Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи муҳими Тоҷикистон ва ширкати амрикоӣ


Ширкати энержии амрикоии AEC бо ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи эҳдоси як хатти баландшиддати интиқоли барқ аз ин кишвар ба Афғонистон ба тавофуқ даст ёфтааст. Тавофуқ дар ин замина рӯзи чаҳоршанбеи 24 май дар пайи мулоқоти Пол Ҳенриҳен, раҳбари ин ширкати амрикоӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳосил шудааст. Ҷаноби Ҳенриҳен ба имзо расидани санади ҳусни тафоҳум миёни ширкати амрикоӣ ва давлати Тоҷикистонро гоми муҳим дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои энержӣ миёни Амрико ва Тоҷикистон номид.
Дар ҳамин ҳол, Шарифхон Самиев, раиси Ширкати барқи тоҷик дар мавриди эҳдоси хати баландшиддати интиқоли барқ аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон гуфт, ин хат аз корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш то каронаи рӯди Панҷ имтидод хоҳад дошт ва тӯли умумии он 90 километрро ташкил хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир, бар асоси тавофуқи пешакӣ саҳми Тоҷикистон дар бунёди хатти мазкур 51 ва ҳиссаи ҷониби Амрико 49 дарсад муайян шудааст.
Раиси ширкати энержии амрикоӣ афзудааст, ҷониби Амрико мусаммам аст, ҳамчунин, дар иҷрои тарҳи бунёди нерӯгоҳи Даштиҷум бар фарози рӯди Панҷ низ саҳм бигирад. Ӯ гуфт, тарҳи мушаххас дар ин замина баъд аз анҷоми муҳосиботи фанниву бонкӣ таҳия ва эълом мегардад. Вазорати энержии Тоҷикистон ҳазинаи иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Даштиҷумро беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ менамояд. Зарфияти нерӯгоҳи мазкур 4 ҳазор меговатт пешбинӣ шудааст ва дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он имкон медиҳад, ки ҳамасола 15 миллиард киловатт нерӯи барқ тавлид ва ба кишварҳои дуру наздик содир гардад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG