Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости расмии М. Кабирӣ аз вазири умури дохила


Муҳиддин Кабирӣ -вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ аз вазири дохилаи кишвар дархост кардааст, ки ба матлаби мунташира дар шумораи қаблии ҳафтаномаи «Наҷот» посух диҳад. «Наҷот» бо чопи як матлаби муфассал таҳти унвони «Ҳомиёни шаҳрвандон даст ба нақзи қонун мезананд» навиштааст, ходимони умури дохилаи шаҳри Кӯлоб бо сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ аз ҳузури қисме аз сокинони навоҳӣ ва деҳоти атроф дар намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи шаҳр ҷилавгирӣ мекунанд.

Оқои Кабирӣ ба ҳайси танҳо вакили фаъол дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломӣ бо истифода аз салоҳият ва ваколати худ аз Ҳумиддин Шарифов - вазири умури дохилаи Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ҳодисаи рухдода дар шаҳри Кӯлобро таҳқиқ карда, аз натоиҷи он ба таври расмӣ посух диҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба таъйиди Билоли Шамс, муаллифи матлаб дар нашрияи «Наҷот», ки шоҳиди бевоситаи як ҳодисаи бархурди ходимони милисаи Кӯлоб бо гурӯҳе аз намозгузорон будааст, рӯзҳои ҷумъа кормандони дохила дар посгоҳи даромадгоҳи Кӯлоб одамонро аз нақлиёт поин карда намегузоранд, ки вориди шаҳр бишаванд ва фаризаи мазҳабии худро анҷом диҳанд. Вай гуфт, дар ҷараёни яке аз чунин ҳаводис ходимони милиса худи ӯро низ ба зӯр аз мошин поин карда ва тайи чанд соат мавриди пурсиш қарор додаанд.

Бархе аз коршиносон бо ишора ба вокуниши манфии намояндагони адёни мухталиф ба тарҳи нави қонун дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ, ки аз сӯи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст, мегӯянд, ҷилавгирӣ аз ширкати намозгузорон аз сӯи ходимони милисаи Кӯлоб як амали тасодуфӣ нест.


Дар ҳамин ҳол, Худойназар Асозода - сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки мақомоти ин ниҳод, аз ҷумла вазири дохила аз мӯҳтавои матолиби мунташира дар нашрияи «Наҷот» ва дархости расмии Муҳиддин Кабирӣ огоҳ ҳастанд. Вай афзуд, хадамоти амнияти дохилии вазорат баъди анҷоми таҳқиқот натоиҷи онро эълом хоҳад кард.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, тибқи муқаррароти мавҷуд вазири дохилаи Тоҷикистон ба дархости вакилии ӯ ҳаққ дорад дар давоми як моҳ посух гӯяд. Вай гуфт, қаблан низ чунин дархостҳоро унвонии дигар мақомоти давлатӣ ироа кардааст, вале иллати тавассути нашрия интишор додани дархости кунуниаш ин аст, ки ин масъаларо нахуст матбуот матраҳ кардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG