Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон


Конфронси байнулмилалии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Душанбе бо изҳори назарҳо роҷеъ ба зарурати таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба поён расид. Дар он намояндагони 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Олмон, Русия ва давлатҳои ҳамсоя бо Афғонистон ширкат карданд. Генерал Майлк Ҳейз, ки дар ин нишаст аз ҳукумати Амрико намояндагӣ мекард, гуфт, ҳадафи Амрико ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст овардани субот дар Афғонистон ва дар минтақа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз омилҳои аслии харобии вазъ дар минтақа афзоиши рӯзафзуни қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои дигар мебошад.
«Мо бисёр хуб медонем, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақа дар роҳи мубориза бо маводи мухаддир барномаҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, иқдоми Маскав, иқдоми Пекин намунаҳои рӯшани ин барномаҳо мебошад. Ва дар миёни кишварҳои кӯмаккунанда кадом рақобат вуҷуд надорад, ҳадаф танҳо ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мебошад. Ва ин конфронси серӯза ҳам идомаи музокира ба хотири ҳамкорӣ дар ин замина буд».
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ҳукумати Афғонистон генерал Худойдод аз мушкилоте сухан ронд, ки ба гуфтаи ӯ шароитро барои фаъол шудани гурӯҳҳои мафиоии қочоқбар ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар хутути марз фароҳам меорад. Генерал Худойдод, муовини вазири Афғонистон дар умури маводи мухаддир мегӯяд:
«То ҳанӯз табодули маълумот дар байни сарҳадот вуҷуд надорад ва ҳамоҳангии амалиёт дар роҳи маҳви кишти кӯкнор байни давлатҳои ҳамсоя вуҷуд надорад, баъдан ниҳодҳои пулис ва қудратӣ бо иртибот дошта наметавонанд. Дар маҷмӯъ, ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад».
Баъзе аз намояндагони созмонҳо ва кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон ишора карданд, агар масъалаҳое, ки дар ин нишаст баррасӣ шуданд, дар амри ҳалли амалии онҳо кишварҳои сармоягузор ва мақомоти зирабти давлатҳои ҳамсоя талош кунанд, имкон дорад, қочоқи маводи мухаддир ба таври чашмгир коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG