Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дар номаи худ ба Буш аз Ғарб интиқод кардааст


DR

Гузориш шудааст, ки раисиҷумҳурии Ирон дар номаи худ ба ҳамтои омрикоиаш усули озодихоҳӣ ва демукросии ғарбиро ба унвони нокомиҳои Ғарб маҳкум кардааст. Гуфта мешавад, ки номаи Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ҷорҷ Буш нахустин тамоси расмии миёни раҳбарони ин ду кишвар аз соли 1979 бад-ин сӯст. Муҳтавои нома расман эълом нашудааст. Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аршади Ирон дар умури ҳастаӣ гуфт:"Ман фикр мекунам, фурсате бояд дод, то ин нома мароҳили диплумотики худро тай кунад ва баъдан он дар дастраси расонаҳо қарор хоҳад гирифт". Ин нома, ки ба дасти хабаргузории Ассошиэйтед Пресс расидааст, ҳамчунин ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз Исроилро тақбеҳ ва аз ишғоли Ироқ тавассути Омрико интиқод кардааст. Гуфта мешавад, ки дар ин санад ба баҳси Теҳрон ва қудратҳои ғарбӣ бар сари барномаи ҳастаии Ирон ишораи андаке сурат гирифтааст.Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико номаи раисиҷумҳурии Иронро беаҳамият тавсиф кард ва гуфт, ки дар он ҳич сухани тозае нест. Бону Райс мегӯяд, ки нома саршор аз нукоти торихӣ, фалсафӣ ва мазҳабист. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз замони ишғоли сафорати ин кишвар ва гаравгонгирии диплумотҳои он дар Теҳрон дар соли 1979 то кунун бо Ирон равобити диплумотик надоштааст ва равобити иқтисодии он бо Теҳрон низ тақрибан ҳич будааст.
XS
SM
MD
LG