Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти як узви гурӯҳи худсари мусаллаҳ ба 16 соли зиндон


Додгоҳи олии Тоҷикистон Аюбҷон Беков, муҳофиз ва ронандаи фармондеҳи пешини гурӯҳи худсари мусаллаҳи Саидмухтор Ёровро барои бандитизим, даст доштан дар куштор ва гаравгонгирӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Салим Хоҷаев, додраси Додгоҳи олӣ ва раиси мурофиаи парвандаи Аюбҷон Беков гуфт, бо маҷмӯъи ин ҳар се ҷурм Аюбҷон Беков ба адои 16 соли маҳрумият аз озодӣ дар маҳбаси низомаш сахт ва мусодираи амвол маҳкум гардид.
Дар мурофиаи додгоҳӣ Аюбҷон Беков бо назардошти ин ки бо амри фармондеҳ Саидмухтор Ёров ба қатли ду нафар даст задааст, худро бегуноҳ меҳисобид. Аммо вакили мудофеъ Абдуқаюм Юсуфов бо такя ба қонунҳои ҷазоии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурате, ки оғои Беков огоҳона ба ин гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ пайваста ва шоҳидон дар ин бора гувоҳӣ додаанд ва гуноҳҳояш собит гардад, додгоҳ ҳақ дорад, мутобиқ ба қонун ҷазо таъин бикунад.
Аюбҷон Беков дар соли 1997 ба гурӯҳи Саидмухтор Ёров, ки дар атрофи Душанбе фаъолият дошт, пайваста будааст ва пас аз маҳви ин гурӯҳ аз тарафи нерӯҳои умури дохилаи Тоҷикистон дар соли 1999, ба Русия фирор мекунад. Бо дархости додситонии кулли Тоҷикистон, мақомоти интизомии Русия оғои Бековро дар соли 2004 дар Ёқутистон боздошт ва як соли баъд ба Душанбе истирдод кардаанд.
XS
SM
MD
LG