Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оби зулол" ба нирӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон


Тоҷикистон барои таъмини сарбозони амрикоии мустақар дар Афғонистон бо вазорати дифоъи Амрико як қарордоди нав имзо кардааст. Тибқи ин қарордод, ки иҷрои он дар ду рӯзи пеш шурӯъ шуд, ширкати муштараки "Оби зулол" ба Афғонистон ҳудуди 13 миллион литр оби поки ошомиданӣ интиқол хоҳад дод. Саъдихон Умаров, мудири бахши фурӯш ва маркетинги ширкати "Оби зулол" гуфт, ду рӯз пеш аввалин бахши тавлидоти ин ширкат ба Афғонистон фиристода шуд. Ин созишнома барои як сол ба имзо расида, тибқи он 13 миллион литр оби ошомиданиро барои Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, ки ҳоло таҳти итоати НАТО -- Паймони Атлантики Шимолӣ ҳастанд, хоҳанд расонд.
Ширкати муштараки Тоҷикистону Амрико ва Бритониё -- "Оби зулол", ки аз соли 2001 ба фаъолият шурӯъ кардааст, қодир ба тавлиди 57 миллион литр обҳои мухталиф дар як сол будааст.
XS
SM
MD
LG