Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Бритониё - дар пайи ҷустуҷӯи иқдомоти шадидтар алайҳи Эрон


Амрикову Бритониё дар пайи нашри гузориши нави Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, муассисаи вобастаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гуфтаанд, ки акнун ба думболи иқдомоти шадидтаре алайҳи Эрон хоҳанд шуд. Бунгоҳи ҳастаии СММ дар гузориши дирӯз нашркардааш гуфт, Теҳрон зарбулаҷали сирӯзаи Шӯрои Амният (ША) дар бораи қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро иҷро накард. Ин созмон Теҳронро ба ҳамкории нокофӣ бо нозирони СММ низ муттаҳам мекунад. Гузориш мегӯяд, таҳқиқоти Созмони назорати нирӯи ҳастаӣ ба ғанисозии андаки ураниум даст ёфтани Эронро таъйид кардааст.

Эрон аммо дар посух гуфта, ки дар ин гузориш чизи манфие барои худ дарёфт накардааст. Муҳаммад Саидӣ, муовини раиси созмони ҳастаии Эрон гуфт, гузориши созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ҳокист, ки ин созмон ҳанӯз қобил ба арзёбии барномаҳои ҳастаии Эрон ҳаст. Ӯ афзуда, ки Теҳрон омода ҳаст ба суолҳои барҷоймонда дар бораи фаъолиятҳои ҳастаияш посух диҳад.

Мақомоти Амрико аммо мегӯянд, Эрон пинҳонӣ талош дорад ҷангафзорҳои ҳастаӣ бисозад. Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ҷаҳон дар қиболи баҳс бо Эрон мавқеъи ҳамсон ва пур аз нигарониро дорад, аммо ӯ мехоҳад, ки ин таниш бо роҳҳои дипломатӣ ва мусолиматомез ҳалл шавад: "Барои эрониҳо фаҳмидани ин нукта хеле муҳим аст, ки бисёри кишварҳои ҷаҳон хостори мутақоид сохтани онон, бо роҳҳои мусолиматомез мутақоид сохтани онон аст, ки бояд талоши сохтани силоҳи ҳастаиро бас кунанд."

Мавзӯъи Эрон дирӯз дар Вошингтон дар мулоқоти Ҷорҷ Буш бо Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон низ барасӣ шудааст. Илҳом Алиев гуфт, ки Боку пойбанди қарордодҳое бо Эрон ҳаст ва иҷоза нахоҳад дод, ки қаламраваш барои анҷоми ҳамла болои Эрон истифода шавад.

Ҷон Болтон, сафири Амрико дар СММ гуфт, Вошингтон ба ША фишор хоҳад овард, ки акнун як қатъномаи дигар ва иҷрояш барои Эрон ҳатмиро таҳия кунад. Аммо Чину Русия, ду узви доимии ША ва дорои ҳаққи вето, то кунун ба қабули ҳар навъ қатъномае, ки Эронро таҳти таҳрим қарор диҳад, мухолифат мекарданд.
Вазири хориҷаи Бритониё Ҷак Стро ҳам гуфта, ки Ландан аз ША даъват хоҳад кард, фишораш ба Эронро биафзояд. Фаронса ба навбаи худ ҷонибдориаш аз роҳи дипломатии ҳалли бӯҳронро баён доштааст.
XS
SM
MD
LG