Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми нави раҳбари "Ал-Қоъида"


Телевизиони арабии "Ал-Ҷазира" имрӯз навори садоиеро нашр намуд, ки иддао мешавад, бо садои раҳбари шабакаи "Ал-Қоъида" Усома бин Лоден аст. Гӯяндаи ин навор мегӯяд, дар инзивоъи байналмилалӣ қарор додани давлати ташкилоти худгардони Фаластин таҳти раҳбарии гурӯҳи Ҳамос ҳокист, ки масеҳиёну яҳудиён алайҳи Ислом меҷанганд.

То ҳол ташхис нашуда, ки соҳиби овоз Усома бин Лоден аст ё хайр, вале тайи се моҳи охир ин нахустин паёмест, ки аз номи раҳбари "Ал-Қоъида" нашр мешавад ва дар он Бин Лоден дар бораи Судону Ироқ ҳам сӯҳбат кардааст.
Дар паёми моҳи январ нашр кардааш Бин Лоден бо таҳдиди анҷоми ҳамалоти нав алайҳи Амрико ба мардуми амрикоӣ пешниҳоди оташбас ҳам карда буд. Маҳалли будубоши Усома Бин Лоден, ки ба таҳияи ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябр ва як силсила ҳамалоти дигари террористӣ муттаҳам мешавад, то кунун маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG