Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаъфарӣ рафт, Талабонӣ монд


Парлумони Ироқ имрӯз намояндаи курдҳо Ҷалоли Талабониро дубора раисиҷумҳур интихоб кард. Ӯ акнун бояд номзади эътилофи аҳзоби шиъаҳо Ҷаводи Маликиро расман ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кунад. Эътилофи аҳзоби шиъа мавсум ба Ваҳдати Ироқ, ки аксариятро дар парлумон дорад, дирӯз дар ивази Иброҳим ҷаъфарӣ Ҷавод Маликиро номзади худ ба мақоми сарвазирии давлати оянда пешбарӣ кард, чунки номзадии Иброҳими Ҷаъфариро вакилони сунниву курд қабул надоштанд.

Маҷлиси Ироқ ҳамчунин имрӯз дар як раъйгирии бидуни алтернатив Маҳмуди Машҳадонӣ, намояндаи сунниҳои ироқиро раиси маҷлис интихоб кард. Намояндаи шиъаҳо Холид Оттия ва вакили курд Ориф Тайфур муовинони раиси Маҷлиси Миллии Ироқ интихоб шуданд.
XS
SM
MD
LG