Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъабой Ниёзов ҳастии ҷиноҳи "Ватан"-ро рад кард


Сарвари бахши суғдии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҳамзамон муовини аввали раиси ин ҳизб Ҷумъабой Ниёзов эълони таъсиси ҷиноҳи нав дар дохили ҳизбашро носаҳеҳ хонд ва афзуд ҷиноҳи тозатаъсис ҳанӯз аз ҷониби раёсат сабти ном нашудааст. Ӯ ин нуктаро пас аз мулоқот ва сӯҳбаташ бо Масъуд Собиров, раиси фраксия, яъне - ҷиноҳи тозатаъсиси "Ватан", ки ахиран дар Хуҷанд сурат гирифт, изҳор дошт. Ҷумъабой Ниёзов мегӯяд: "Ин гурӯҳ, ба фикри ман ҷиноҳ таъсис надода, худро инчунин эълон доштанд. Ин амал берун аз Оинномаи ҳизби мост, бояд ин масъала аввал дар дохили ҳизб ҳаллу фасл мешуд. Барои шинохти расмии фраксия бояд қарори Раёсати марказии ҳизб бошад. Ва даҳ дар сад аз шумори умумии аъзои ҳизб ба маромномаи он овоз диҳанд, он гоҳ раёсат ҷиноҳи навро расман сабти ном мекунад." Масъуд Собиров, раиси фраксияи «Ватан» дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ дар бораи мавқеъи ҷонибдорони ҷиноҳи нав гуфт: «Бигзор раёсат аввал рӯйхату шумораи дақиқи аъзои ҳизби демократро ба мо пешниҳод намояд. Барои он мо барои таъсиси ҷиноҳ аз 20 нафар имзо гирифтем, ки ман фикр намекунам ҳизби демократ дар ин шабу рӯз аз 200 нафар зиёд узв дошта бошад."
XS
SM
MD
LG