Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як сарҳанги вазорати дохилаи Тоҷикистон


Ба гузориши вазорати дохилаи Тоҷикистон, шомгоҳи чаҳоршанбе (12 апрел) сарҳанг Файзиддин Ҷамиров - муъовини идораи пулиси фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳи яке аз наздиконаш дар бӯстонсарои худ воқеъ дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ дар 15 килуметрии Душанбе аз сӯи афроди ношинос ба зарби чанд гулула аз таппончаи Макаров кушта шудааст. Дар ҳоли ҳозир бахши вазорати дохила дар ноҳияи Рудакӣ ба бозрасии қатли сарҳанг Ҷамиров ва фарди наздики ӯ машғул мебошад. Худойназар Асоев - масъули дафтари матбуъотии вазорати умури дохила ин бора гуфт: «Рӯзи дувоздаҳуми апрели соли равон тақрибан соати ҳаждаҳу бист дақиқа дар маҳалли иқомати Ҷамиров Файзиддин, воқеъ дар маҳаллаи Чимтеппа бо воситаи силоҳ ба қатл расидааст». Ва аммо дар мавриди ангезаҳои қатл ҳанӯз ҳич фарзияе ҳам матраҳ нест. Ва аммо Абдураҳим Қаҳҳоров - муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса дар заминаи як муноқишаи хусусӣ сар задааст. вай дар ин бора ҳич ҷузъиёти дигареро эълом накард.
XS
SM
MD
LG