Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои додгоҳи Тоҷикистон ба 13 табааи афғон


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, 5 тан аз шаҳрвандони Афғонистонро ба зиндон маҳкум ва ҳашт тан аз ҳамроҳони ноболиғи онҳоро ба ватанашон баргардондаанд.
Ҷонмуҳаммад Холов - раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ, ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 18-уми декабри соли гузашта 13 шаҳрвандони Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии марзи ду кишвар боздошт шуданд, ки 8 тани онҳо ноболиғ будаанд. Ҳеҷ яке аз ин афрод шиноснома ва ё ягон санади муйанкунандаи ҳуввият надошт ва синну соли онҳоро танҳо таввасути ташхиси тиббӣ муайян кардаанд.
Оқои Холов гуфт, тибқи қонунҳои Тоҷикистон ноболиғон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд ва ба ҳамин хотир марзшиканони наврас ба ватанашон бозпас фиристода шуданд.
Ба гуфтаи вай, панҷ шаҳрванди дигари Афғонистонро, ки ҳамроҳи марзшиканони ноболиғ будаанд, ба панҷ солии зиндон маҳкум кардаанд. Ин бори аввал аст, ки додгоҳи ноҳияи Панҷ панҷ шаҳрванди Афғонистонро ба якборагӣ ба зиндон маҳкум мекунад. Биступанҷ рӯз қабл аз ин додгоҳи вилояти Хатлон низ 17 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар узвият ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор дониста, барои 25 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Носирҷони Маъмурзода, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG