Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми нав алайҳи Саддом Ҳусайн


Додгоҳи вижаи Ироқ раҳбари пешини он кишвар Саддом Ҳусайн ва 6 шарики варо акнун ба қатли оми мардуми курди шаҳри Ҳалабҷо зимни амалиёти низомии мавсум ба "Анфал" дар соли 1988 муттаҳам мекунад. Ҳамлаи Ҳалабҷо, ки бо истифода аз силоҳҳову газҳои кимиёӣ сурат гирифта буд, мунҷар ба ҳалокати тақрибан 5000 мардум ва умдатан занону кӯдакон шуд. Додгоҳ то кунун мурофиаи Саддом ва 7 узви собиқи давлати ӯро танҳо бо иттиҳоми куштори 143 сокини рустои шиъанишини Дуҷайл дар пайи сӯъиқасд ба ҷони Саддом Ҳусайн дар соли 1982 пеш мебурд.

Қозӣ Роид Ҷуҳӣ гуфт, иттиҳоми нави алайҳи Саддом ва ёрони ӯро қозии дигар ба муҳокима хоҳад гирифт. Ҳамин қозии нав, ба гуфтаи Роид Ҷуҳӣ, бояд таърихи шурӯъи муҳокимаро низ таъйин кунад: "Гузориш ҳокист, ки таҳқиқи парвандаи амалиёти Анфал такмил шудааст. Ва парванда акнун ба додгоҳ ироа мешавад."

Қарор аст, имрӯз додгоҳ муҳокимаи парвандаи Саддом Ҳусайн ва 7 нафари дигар дар робита ба куштори 143 сокини рустои Дуҷайлро низ аз сар бигирад.
XS
SM
MD
LG