Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми қотилони Хуршеда Султонова


мс

Додгоҳи Санкт-Петербург аз 8 нафаре, ки дар ҷараёни бозрасии парвандаи қатли Хуршеда боздошт шудаанд, 7 танро танҳо бо ҷурми авбошӣ маҳкум кард. Роман Казаков, ки бо дасти чап ба Хуршеда корд задааст, ба панҷуним сол ва 6 шарики вай аз якуним то 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Додситони шаҳр Сегрей Зайтсев аз ин ҳукми норозигӣ кард ва мегӯяд, бо далелҳои мустақим ва ғайримустақим исбот шудааст, ки Казаков қотили асосист. Талаби додситонро ба ҷазои сахт ҳукми ҳайъати мунсифаи додгоҳ, ки дар ҷаласааш рӯзи 22-юми март куштани духтарчаи тоҷикро на ҷинояти нажодпарастона, балки як авбошӣ шуморид, хунсо кард.
Бино ба бозрасӣ Хуршеда Султоноваи нӯҳсола ҳамроҳ бо падар ва писарамаки 7-солааш шоми 9 феврали соли 2004 дар Санкт-Петербург ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо корду калтак ва занҷирҳои оҳанӣ қарор гирифта бо 11 захми корд дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд.
Дар эътироз ба ҳукми додгоҳ падари Хуршеда Юнус Султонов ва вакили ҳуқуқӣ Нателла Пономарёва рӯзи ҷумъа нишасти хабарӣ даъват кардаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG