Ба гуфтаи нахуствазири Конодо, Ҳомид Карзай - раисиҷумҳурии Афғонистон ба ӯ итминон додааст, ки дар ҷаласаи муҳокимаи марди афғоне, ки аз ислом ба масеҳият рӯ овардааст, мавозини ҳуқуқи башар муроъот хоҳад шуд.
Дафтари Стивен Ҳарпер - нахуствазири Конодо бо интишори баёнияе эълом кардааст, ки Ҳомид Карзай зимни як гуфтугӯи телефунӣ бо оқои Ҳарпер дар мавриди муҳокимаи оқои Абдурраҳмон, ки муттаҳам ба иртидод шуда, ба ӯ итминони хотир додааст.
Аз сӯи дигар, сафорати Афғонистон дар Иёлоти Мттаҳидаи Омрико дар баёнияе хостори сабру шикебоии маҳофили байналмилалӣ шуда ва гуфтааст, ки қувваи додрасии Афғонистон дар ҳоли баррасии мавзӯъи "саломати равонӣ"-и оқои Абдурраҳмон аст.
Рӯзи чаҳоршанбе (22 март) Ҷорҷ Буш - раисиҷумҳурии Омрико қазияи муҳокимаи оқои Абдурраҳмонро "амиқан нигаронкунанда" тавсиф кард. Вай гуфт:
"Боъиси нигаронии амиқ аст, ки кишваре, ки мо ба озод шуданаш мусоъидат кардем, як нафарро ба хотири интихоби мазҳабе дигар муҳокима мекунад".
Созмони милали муттаҳид ва чандин кишвари дигар, аз ҷумла Олмон, Итолиё ва Устролиё низ нигарониҳои мушобеҳе изҳор кардаанд.