Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон ва ҳаққи онҳо ба моликият


Қўрғонтеппа "Заноне, ки дар никоҳи шаръӣ бо шавҳаронашон зиндагӣ мекунанд, метавонанд, дар ҳоли барҳам хўрдани оила, даъво пешниҳод кунанд ва соҳиби як қисми амволи муштараки оилавӣ гарданд.»

Масоили такмили маърифати ҳуқуқии занони вилояти Хатлон дар шаҳри Қўрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Рушд» дар Қурғонтеппа оид ба тарзи дурусти тақсими моликият пас аз талоқ барои занон давраҳои омўзишӣ доир гардид. Як ширкатдори ин давраҳо, ҳуқуқшинос Фароғат Мўъминҷонова мегўяд, пас аз омўзиши вазъи иҷтимоии занони Хатлон ба чунин хулоса омадааст, ки теъдоди ками занон аз ҳуқуқи худ бархурдоранд:

«Пештар ҳамин хел ақидае буд, ки касоне, ки қайди никоҳи давлатӣ надоранд, наметавонанд, барои амволи муштараки оилавӣ ягон чиз даъво кунанд. Ҳоло ин хел нест, акнун аз тарафи қонунгузор ҳамин ҷиҳатҳои масъала ҳам дар назар дошта шудааст, ки заноне, ки дар никоҳи шаръӣ бо шавҳаронашон зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар ҳоли барҳам хўрдани оила, даъво пешниҳод кунанд ва соҳиби як қисми амволи муштараки оилавӣ гарданд.»

Созмони ҷамъиятии «Рушд» дар чор минтақаи вилояти Хатлон доир ба мавзўи ҳуқуқи зан ба моликият пажӯҳиши иҷтимоӣ гузаронидааст, ки дар он беш аз 200 зан ширкат варзидаанд. Юсуф Маҳмадов, раиси созмони мазкур пиромуни натоиҷи ин тадқиқот гуфт, аз 200 зане, ки аз шавҳаронашон ҷудо гардиданд, танҳо 18 % пас аз талоқ соҳиби моликияти манқули оилавӣ, яъне манзили зист шудаанд, ки ин гувоҳи камогоҳии занон аз ҳуқуқашон будааст:

«Барои чӣ ҳамин занҳо камтар соҳиби моликияти оилавӣ мегарданд? Аксари 64 фоизи ҳолатҳо он аст, ки занҳо худашон даъво намекунанд ё карда наметавонанд. Ва сабаби даъво накардан ин аст, ки бисёре аз онҳо ҳуқуқи амволии худро намедонанд.»
XS
SM
MD
LG