Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: Барномаи ҳастаии Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе (14 март) гуфт, ки кишвараш барномаи ҳастаии худро тарк нахоҳад кард.


Вай гуфт, ки даст бардоштан аз барномаи ҳастаӣ ба масобеҳи аз даст додани истиқлоли миллӣ хоҳад буд ва роҳро барои эъмоли фишори беҳадду ҳасри байналмилалӣ ҳамвор хоҳад кард.


Оқои Хоманаӣ дар айни ҳол эълом кард, ки Эрон гуфтушунуди худ бо Русияро аз сар гирифтааст. Мавзӯъи ин музокирот тарҳи пешниҳодии Русия мабнӣ бар ғанисозии урониюми Эрон дар хоки Русия аст.


Аз сӯи дигар, диплумотҳо аз панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (Русия, Фаронса, Чин, Бритониё ва Омрико) дар ҳоли тадвини қатъномаи муштараке дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд. Интизор меравад ин кишварҳо аз Эрон бихоҳанд, ки ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад ва бо Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ ҳамкории бедареғ дошта бошад.


Иёлоти Муттаҳидаи Омрико хостори эъмоли тадбирҳои танбеҳӣ алайҳи Эрон аст. Омрико Эронро ба талош барои тавлиди ҷангафзорҳои ҳастаӣ муттаҳам мекунад. Эрон ба навбаи худ ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд, ки ҳадаф аз пешбурди барномаи ҳастаиаш сирфан тавлиди энержии ҳастаист.
XS
SM
MD
LG