Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Омрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2005


Рӯзи 8 март вазорати хориҷаи Омрико гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон дар соли гузашта 2005-умро нашр намуд. Вазорати хориҷаи Омрико гузоришҳои солона дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳонро бо дастури Конгресс аз соли 1977 ба ин сӯ таҳия ва нашр мекунад.

Ин гузориш мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар бисёре аз кишварҳои собиқ коммунистӣ ва дар Эрон пурмушкил барҷой монда ва аммо дар бархе дигар аз кишварҳо беҳтар шудааст. Вазири хориҷаи Омрико Кондолиза Райс зимни муаррифии гузориши солонаи ҳуқуқи башар гуфт, ҳадаф аз ин гузориш қазоват кардан дар умури кишварҳои дигар нест, балки додани як раҳнамо ба манзури эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон аст.

Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Омрико вазъи ҳуқуқи башарро ба хусус дар Белорус ва Узбакистону Русия ба иллати дар дасти ҳукумати марказӣ қарор гирифтани бахши аъзами қудрат ба боди танқид кашида, Эронро муттаҳам мекунад, ки қудрати зиёдеро дар ихтиёри раҳбарияти рӯҳониаш гузоштааст.

Бино бар ин гузориш, раисиҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко дар соли 2005 режими диктаториеро тақвият дода, ки даст ба таъқибу ҳатто зиндон кардани мухолифини сиёсиаш, бо шумули донишҷӯёну сиёсатмадорон ва хабарнигорон мезад ва рӯзномаҳои мустақилро тавқиф мекард.

Президенти Русия Владимир Путин дар ин гузориш ба иллати аз байн бурдани интихоботи мустақими волиёни вилоятҳо ва таҷаммӯъи қудрат дар пойтахт танқид шудааст. Гузориши вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, додгоҳҳои Русия ба як василаи дигари фишори сиёсӣ табдил ёфта, давлат созмонҳои ғайридавлатии ҳомии демократияро таҳти таъқиб қарор додааст. Русия дар ин гузориш ҳамчунин ба иллати нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистон танқид шудааст.

Интиқодоти ини гузориш аз Узбакистон аммо бештар ба рӯйдодҳои хунини Андиҷон ва пайомадҳояш марбут мешавад. Давлати Узбакистон дар ин гузориш ба иллати истифодаи беш аз ҳадди нирӯ дар муқобили тазоҳургарони Андиҷон ва таъқибу боздошти фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорон дар пайи ин ҳаводиси хунин ба боди шадиди танқид кашида шудааст.

Гузориш дар бахши ба вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон марбуташ менависад, ки мақомоти Теҳрон ширкати довталабон дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузаштаро маҳдуд карда буданд. Вазъи зиндонҳо, нақзи ҳуқуқи мазҳабии мардум ва пуштибонӣ аз созмонҳои террористӣ аз дигар мояҳои танқиди гузориши вазорати хориҷаи Омрико аз Эрон аст.
XS
SM
MD
LG