Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон мегӯяд, газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад


Ширкати гази Ӯзбакистон бо ирсоли як барқия ширкати гази Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки дар сурати то 15 март напардохтани қарзи гази харидоришуда интиқоли газ ба Тоҷикистонро боз хоҳад дошт.Одилҷон Салимҷонов, роҳбари идораи хоҷагии ширкати гази Тоҷикистон мегӯяд, феълан ин қарз 4 миллион доллар аст: "Ҷониби Ӯзбакистон талаб дорад, мо кафолати хаттӣ диҳем, ки қарзро то 15 март мепардозем. Дар ин сурат онҳо интиқоли газро қатъ намекунанд."
Раҳмонбердӣ Кенҷаев, муовини сардори бахши тиҷорати ширкати мазкур мегӯяд, ҳоло қарзи куллӣ аз қарзи шаҳрвандон ва корхонаҳои кишвар ба миён омадааст: "То имрӯз қарзи сокинони кишвар аз ширкати гази Тоҷикистон 132 миллион сомонӣ мебошад, ки 12 миллионашро қарзи корхонаҳои саноатӣ ташкил мекунад." Вай меафзояд,ба ин сабаб интиқоли газ ба бархе аз корхонаҳо ва манзили сокинон боздошта мешавад ва дар сурати напардохтани вом ин ширкат барои рӯёндани пул ба мақомоти ҳифзи қонун муроҷиат мекунад.
Ин дар ҳолест,ки аз ибтидои соли равон Ӯзбакистон барои Тоҷикистон 1000 метри мукааб гази табииро аз 42 доллари қаблӣ ба 55 доллар афзоиш дод.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG