Ҳизби демократии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет саҳифаи худро боз намуд. Сайти интернетии ҲДТ, ки дар нахустин рӯзи баҳори соли 2006 бо нишонии www.democrat-tj.org дастрас шуд, бо забони тоҷикӣ буда ва бино бар гуфтаи Раҷаби Мирзо, сарвари бахши ҲДТ дар шаҳри Душанбе, дар рӯзҳои наздик бо забонҳои англисиву русӣ низ матолиб интишор хоҳад дод. Саҳифаи интернетии ҲДТ аз бахшҳои маводи таҳлилӣ ва хабарӣ аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ва ҲДТ иборат аст. Як бахши вижа ба қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси маҳбуси демократҳои Тоҷикистон бахшида шудааст. Айни ҳол, на ҳамаи бахшҳои сафҳа фаъъол мебошад. Раҷаби Мирзо ба www.ozodi.org гуфт, дар рӯзҳои наздик матолиби ин бахшҳо низ дастрас хоҳад шуд. Сайти интернетии ҲДТ дар як домени хориҷӣ ҷойгир шуда ва бино бар қавли сарвари бахши душанбегии ҲДТ, сабаб дар вуҷуд доштани эҳтимоли халал ба кори сайт дар сурати ҷойгир кардани он дар домени тоҷикӣ будааст. ҲДТ саввумин ҳизби Тоҷикистон аст, ки дар тӯри ҷаҳонӣ сайти интернетии худро боз кардааст. Дар авохири соли гузашта ҲСДТ (www.hsdt-tj.org) ва ду сол қабл, ҲНИТ (www.irptj.com) сайтҳои интернетии худро боз карда буданд. Ҳар сеи ин аҳзоб мухолиф маҳсуб гардида ва сафҳаҳои интернетии ҳар се дар доменҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.