Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо Муҳаммад Исмоилхон


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи бисту якуми феврал бо Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержӣ ва оби Афғонистон, ки барои анҷоми як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Бино бар иттилоъи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум бар рӯи рӯди Панҷ, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Эрону Покистон тавассути Афғонистон ва таъмини худи Афғонистон бо нерӯи барқи Тоҷикистон аз мавзӯъоти аслӣ дар ин дидор будааст. Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, "Ҳамкории васеъ ва ҳамсоягии нек бо Афғонистон самти усулии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст".
XS
SM
MD
LG