Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави фаластиниҳоро созмони Ҳамос ташкил хоҳад кард


Имрӯз дар шаҳри Ромаллоҳ вакилони Маҷлиси нави қонунгузори фаластиниҳо, ки дар он аксариятро аъзои созмони ифротгарои Ҳамос ташкил медиҳанд, савганд ёд карданд.
Ҷаласа ҳамзамон дар Ромаллоҳ ва минтақаи Ғазза доир шуд, зеро мақомоти Исроил равуо дар манотиқи зери назорати фаластиниҳоро манъ кардаанд. Вакилон ба воситаи хатти видео бо ҳам тамос барқарор намуданд.
Аз 132 курсии Маҷлиси Қонунгузори фаластиниҳо 74 курсӣ ба аъзои созмони Ҳамос мансуб аст.
Дар хитобе ба вакилони Маҷлис Маҳмуд Аббос раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо гуфт, пирӯзии Ҳамос Фаластинро бо воқеияти нав рӯ ба рӯ намуд.
Ӯ аз Ҳамос дархост кард, ҳукумате ташкил диҳад, ки созиши муваққатии сулҳ бо Исроилро эътироф намояд.
Вале сухангӯи Ҳамос гуфт, созмон мухолифи музокироти сулҳ бо Исроил аст, зеро ин кишвар сиёсати муҷозоти дастаҷамъии фаластиниҳоро роҳандозӣ намудааст.
Тахмин мешавад, ки бо дар назар дошти пирӯзии Ҳамос дар интихоботи моҳи гузашта Исроил маҳдудиятҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Эҳтимол рафтуомад ва имкони шуғли фаластиниҳо дар Исроил коҳиш ёбад.
Исроил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтаанд, то замоне Ҳамос маҳви кишвари яҳудиро ҳадаф қарор дода, хушунатро маҳкум накардааст, ин созмон расман эътироф нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG