Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия дар таълими кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон саҳм мегиранд


Холиқи Сангин.

Нахустин гурӯҳи понздаҳнафараи кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъд аз анҷоми як давраи бозомӯзӣ соҳиби шаҳодатномаи давраи омузишӣ шуданд. Давраи омӯзишии ёдшуда дар Маркази навтаъсиси иттилоотиву таҳлилии ин вазорат, ки ахиран бо кумаки молии сафорати Амрико дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст,сурат гирифт. Маросими тақдими шаҳодатномаҳои давраи омузишӣ ба афсарон 17 феврал дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он Ричард Ҳоугленд сафири Амрико ва Рамазон Абдулатифов сафири Русия дар Тоҷикистон ширкат намуданд.
Худойназар Асозода сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ташкили маркази муосири хабариву таҳлилӣ имкон медиҳад, ки ниҳодҳои ин вазорат дар амри касбу нигаҳдорӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти марбут ба фаъолиятҳои ҷиноӣ мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ амал намоянд.
Дар ҳамин ҳол сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд гуфт, кушоиши Маркази муосири иттилоотиву таҳлилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба боло рафтани дараҷаи тахассусии кормандони он ва дар маҷмӯъ кайфияти пешбурди умури таҳқиқи ҷиноӣ мусоидат менамояд.Оқои Ҳоугленд бо муҳим хондани иқдоми муштараки кишвараш ва Русия дар ташкили маркази мазкур афзуд: «Чизи муҳимтар дар ин ҷо он аст, ки аз ҳамкории муштараки Амрико ва Русия бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин кишвар бурд мекунад. Иқдоми муштараки мо бори дигар ин нуктаро исбот менамояд, ки мо дар ин ҷо дар пайи рақобат бо ҳам нестем. Вақте, ки сафири Амрикову Русия бо муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон канори ҳам ҳастанд, ин танҳо фоли нек асту бас.»
Тарҳи бунёди Маркази иттилоотиву таҳлилии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар аз сӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст ва ҳазинаи он беш аз 250 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Дар коргузории он таҷрибаи ширкати муштараки русиву швейтсарӣ мавсум ба "AviComp Services" мавриди истифода қарор гирифтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG