Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Афғонистон ба бахшоиш даъват кард


Дар ҳоле ки эътироз аз тасвирҳои карикатурӣ аз паёмбари ислом дар кишварҳои мусулмон рӯ ба афзоиш дорад, президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ҳамзамон бо нохушнудӣ аз тасвирҳо ба оромӣ ва бахшоиш даъват кард. Вай гуфт, "озодии матбуот ба ин маъно нест, ки мо ҳаққи таҳвин ба адён, эътиқодот ва фарҳанги мардумро дошта бошем. Дар Афғонистон ҳам набояд касе ин ҳақро дошта бошанд, дар Аврупо ҳам ва дар ҳеч куҷои ҷаҳон ҳам. Озодии матбуот бояд дар усули пойбандӣ ва эҳтиром ба адён ва ахлоқи мардум бошад."
Вокуниши дигар сарон ва кишварҳои мусулмон ба маротиб сахттар буд. Президенти Покистон Парвиз Мушарраф тасвирҳоро маҳкум кард ва порлумони Покистон дар як қатънома онҳоро танқид карда, "маъракаи иғво" унвон дод. Подшоҳи Урдун Абдуллоҳ дар як изҳорот тасвирҳои танзомезро ҷинояти бедалел номид ва гуфт, вай ҳеҷ гуна таҳқири дини исломро қабул надорад.
Намоишҳои эътирозӣ дар Эрон, Ироқ, қаламравҳои фаластинӣ ва Махачқалъаи Русия низ ба амал омаданд.
Дар Дания, ки аввалин бор ин тасвирҳо нашр шуданд, сафири Миср Мона Умар Аттия бо сарвазири Дания Андерс Расмусен мулоқот кард ва гуфт, посухи Дания то ҳол қонеъкунанда набудааст.
XS
SM
MD
LG