Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадади Сафорати Амрико ба кӯдакони "Чорбоғ"


Созмони Counterpart International ва Cафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ба бозмондагони сӯхтор дар парваришгоҳи кӯдаконаи Чорбоғ либос, рахтихоб ва маводи зарурии гигиенӣ тақдим карданд. Ин кӯмак ба маблағи 4 ҳазор доллар аз 2 дастгоҳи ҷомашӯӣ, 5 кат, 200 дастмол ва 63 болини хоб ва дигар коло иборат буд. Ҳамчунин муҳандисони артиши Иёлоти Муттаҳида таҳлили амиқи фаннии маконеро анҷом доданд, ки барои бунёди парваришгоҳи нав муқаррар шудааст. Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд дар маросими тақдими кӯмак гуфт, дар кишвараш аз хабари ҳалокати 13 кӯдак дар парваришгоҳи Чорбоғ дар 8-уми январи соли 2006 амиқан нороҳат шудаанд ва ҳукуматаш ба онҳое ки ниёзманди имдоданд, махсусан ба кӯдакони маълул, бедареғ мадад мерасонад. Тибқи хабарҳо як бахши кӯмакро худи кормандони сафорат хайр кардаанд.
XS
SM
MD
LG