Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тавсияҳои СММ дар Тоҷикистон


Намояндагони додситонӣ ва додгоҳҳои Тоҷикистон дар як нишаст бо масъулони Бунгоҳи Созмони милали муттаҳид (СММ) дар шаҳри Душанбе пешниҳодҳои ниҳоии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Узви кумитаи СММ Роман Внерушевксий гуфт, барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бояд қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байнулмилал мутобиқ гардонда шавад. Қонуни кайфарии Тоҷикистон ва бартарияти мақомоти додситонӣ бар додгоҳ монеъаи асосии ин беҳбуд унвон шуданд. Намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон Саидакбар Саидамиров гуфт, бо вуҷуди кӯшишҳои густардаи мақомоти додситонӣ, аъмоли зидди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба мушоҳида мерасанд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта бар зидди 36 шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 40 нафар ба таври нодуруст ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва 23 нафар ғайриқонунӣ ҳабс шудаанд.
Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо ба унвони ҳукумати Тоҷикистон 28 пешниҳоди мушаххас фиристодааст. Ин пешниҳодҳо баъд аз сафарҳои ҳайъати СММ ба Тоҷикистон дар ду соли охир таҳия шудаанд.
XS
SM
MD
LG