Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси Бунгоҳи зидди маводи мухаддир ба Қазоқистон


Рустам Назаров, раиси Бунгоҳи Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир, хостори тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа дар пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир шуд. Вай дар нишасти матбуотӣ дар Алмаато гуфт, ақидаи роиҷ, ки гӯё бештари маводи мухаддири тавлиди Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба дигар кишварҳо интиқол меёбад, комилан нодуруст аст, аммо таҳкими ҳамкории ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба қочоқро ба маротиб коҳиш диҳад. Назаров афзуд, "ба гузориши Созмони Милали Муттахид, 49 %-и маводи мухаддири тавлиди Афғонистон аз Эрон, 26 дарсад аз Покистон ва ҳамаги 25 дарсади дигар аз Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мегузарад."
Ба гуфтаи генерал Назаров соли гузашта ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон назар ба як сол пеш 7 % бештар маводи мухаддир мусодира карданд ва дар 5 соли охир шумораи қочоқбарони тоҷик 73% кам шудааст. Ба иттилои Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Русия аз кулли кочокбарони маводи мухаддире, ки ки дар кишвархои ҳамсуд боздошт шуданд, шахрвандони Точикистон 19 дарсадро ташкил медиҳанд. Ҷаноби Назаров ҷавобан ба пурсиши хабарнигорон, ки вазъият баъд аз хуруҷи марзбонони рус чигуна аст, на танҳо забти маводи мухаддир коҳиш наёфт, балаки хамкории ниходхои мубориза бо маводи мухаддири ду кишвар густариш пайдо кард. Соли гузашта дар 14 амалиёти вижаи марзбонони Тоҷикистону Афғонистон 63 қочоқбар боздошт шуд, ҳол он ки дар соли 2004 марзбонхои рус ҳамагӣ 20 қочоқбарро боздошт карда буданд.
Ба дунболи Қазоқистон генерал-лейтенант Рустам Назаров бо барномаи таҳкими ҳамкориҳо сафари хешро дар Русия идома медиҳад.
Насибҷон Амонӣ, шаҳри Алмаато
XS
SM
MD
LG