Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба маҳбаси Қайроқум


Идораи умури дохилаи вилояти Суғд хабар дод, ки шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона сарвари боздоштгоҳи муқаддамотии шаҳри Қайроқум кушта шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ҳамларо як фард, ки аз ифшои номаш худдорӣ мешавад, ба хотири озод намудани як нафари наздикаш аз боздоштгоҳи Қайроқум анҷом додааст. Эҳтимол меравад ин шахс бо силоҳ ба раиси боздоштгоҳ таҳдид кардааст ва дар ҳоли муқовимати раис ҳамлагар ба сӯи ӯ тир андохтааст. Ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ, гӯё ҳамлаи мусаллаҳона ба фирори фарди наздики ҳамлавар аз боздоштгоҳи Қайроқум мусоидат кардааст.
Додситонии вилояти Суғд рӯзи 26- уми январ гуфт, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад. То ин вақт дар боздоштгоҳи ҳабси пешакии шаҳри Қайроқум ин гуна ҳодиса рӯй надодааст. Тафсилоти воқеъа маълум нест, вале хабаргузории Азия-Плюс навишт, шахси фироркарда дар ноҳияи Спитамен боздошт шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG