Абумуслим Темуров, муовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, соли гузашта аз сӯи Маркази давлатии ташхиси дорувор 10 тонн доруву дармони тақаллубӣ ва мӯҳлати истифодаашон гузашта ошкор ва нобуд карда шуд. Ӯ афзуд, масъулини Марказ 386 номгӯй ин гуна доруҳоро пайдо карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Темуров, шурӯъ аз соли нав дар назди вазорат Маркази ҷадиди қабули дору аз ширкатҳои бонуфузи тавлиди дорувори кишварҳои аврупоӣ ифтитоҳ шуд. Ахиран намояндагиҳои ин Марказ дар Суғд, Хатлон ва Бадахшон низ ба кор шурӯъ карданд.
Тибқи иттилоъи Маркази давлатии ташхиси дорувор, соли 2005 дар сартосари кишвар беш аз 14 ҳазору 600 намуд дору мавриди санҷиш қарор гирифт ва дар натиҷа 10 тонн дору ва беш аз 170 номгӯи маводи ороишӣ ва косметикӣ, аз қабили крему атрҳои пастсифат ва тақаллубӣ мусодира гардид.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе