Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости шаҳрванди итолиёвии муқими Душанбе аз мақомоти Тоҷикистон


Иво Тониут, як шаҳрванди Итолиё, ки аз соли 2002 дар Душанбе ба сар мебарад, бо ирсоли нома аз мақомоти Тоҷикистон, сафоратҳои кишварҳои аврупоӣ ва созмони байналмилалии Афви байналмилал дархост кардааст, то дар ҳалли қазияи додгоҳии ӯ ва низ дар амри бозгашташ ба ватан кӯмак кунанд. Дар нома оқои Тониут аз он ёдовар мешавад, ки соли 2003 ӯро мақомоти тафтишот ба муддати панҷ моҳ боздошт карда ба ӯ ва саломатии ӯ зарар ворид кардаанд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ Иво Тониут гуфт, баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ бар асоси ҳукми додгоҳ ӯ мебоист ҷарима ва зиёни расонида ба як ширкати маҳаллиро пардохт мекард. Аммо дар мӯҳлати муқарраршуда ӯ натавонистааст ин маблағро бипардозад. Ва ҳоло додситонии Душанбе қасди ҳабси такрории ӯро доштааст. Ӯ мегӯяд, «Ҳоло бархе аз афрод бо мусоидати додситонӣ мехоҳанд маро дубора ба ҳабс гиранд ва дар ҳоле ки ҳеҷ гуна роҳи бурунрафт аз ин мушкилотро намебинам, ин номаро ирсол кардам.» Ин дар ҳолест, ки Насрулло Каримов - муфаттиши додситонии шаҳри Душанбе иддаои ин шаҳрванди итолиёвиро бепоя хонда гуфт, ки оқои Тониут аз як ширкати маҳаллии бензинфурӯшӣ маблағи ҳудуди 40 ҳазор сомонӣ маводи сӯхт гирифта ва маблағи онро напардохтааст. Оқои Каримов -муфаттиши додситонии пойтахт афзуд, ки қазияи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад ва тибқи қонун то анҷоми бозрасӣ нафари гумонбар наметавонад кишварро тарк кунад. Ва аз сӯи дигар, афзуд ӯ, меъёри қонун барои табааи хориҷӣ ва ё шаҳванди кишвар як хел мебошад. Ва аммо ин барои бори аввал нест, ки Иво Тониут - шаҳрванди Итолиё дар Тоҷикистон барои фиреб ва сирқати маблағ муттаҳам мешавад. Дар соли 200З низ ба ҳангоми раҳбариаш дар як созмони хайриявӣ бо номи Душанбе -Луҷистик барои сирқати 640 тонна шакар аз сӯи мақомоти тафтишот боздошт шуда ва ба 100.000 доллари амрикоӣ ҷарима шуда буд. Дар ҳамин ҳол, оқои Тониут мегӯяд, дар сурати дарёфти иҷозаи бозгашт, ӯ омодааст, ин миқдори маблағро ба ширкати бензинфурӯшии пойтахт аз ватанаш бифиристад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG