Бар асоси иттилоъи Ҷалил Таваккалов, раиси идораи қарз ва амалиёти фаъоли «Агроинвестбонк», соли ҷорӣ бонки мазкур ба сокинони Тоҷикистон бештар аз 160 миллион сомонӣ ва ё ҳудуди 50 миллион доллари амрикоӣ қарз додааст, ки шумораи онҳо ба беш аз 5000 баробар аст: "Аз ҷумла дар ин давра ба аҳолӣ қарзҳои хурд ба маблағи 41,6миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст,ки шумораи ин қарзҳо 5050 ташкил мекунад. Аз ҳисоби умумии қарзҳо 78 дарсад ба соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ - 10,2 дарсад, саноат - 6 дарсад, нақлиёт - 2,5 дарсад, сохтмон - 1,7 дарсад, бақия ба дигар соҳот равона шудааст."
Оқои Таваккалов афзуд, ҳаҷми қарзҳои кӯчак барои сокинон то ҳудуди 1000 доллари амрикоӣ мебошад ва бе гарави амвол аз тариқи замонатнома ба ниёзмандон пардохт мешавад, ки фоидаи солонаи он барои бонк дар як сол дар робита бо амалиёти бонкӣ аз 18 то 22 дарсадро ташкил мекунад. Вале ин дар ҳолест, ки мегӯяд ӯ, феълан мушкили аслӣ бозпас гардонидани қарзҳои пешин, бахусус ба соҳаи кишоварзӣ мебошад: "То якуми декабри соли ҷорӣ бақияи сандуқи қарзии «Агроинвестбонк» 146 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 31 миллион сомонӣ қарзҳои мушкилситон, яъне бозпас пардохтнашуда, мебошанд. Қарзҳое, ки бозпас гирифтани онҳо мушкил эҷод кардааст, ба соҳаи кишварзӣ ва корхонаҳои давлатӣ ироашуда мебошад, ки бо тавсияи ҳукумат ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаҳои махсусӣ пуштибонии соҳаҳои мазкур дода будем."
«Агроинвестбонк», ягона бонки Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварӣ буд ва дар интиҳои соли 2003 бо қарори ҳукумати кишвар таҷдид шуда ва феълан дар ҳама соҳот амалиёти бонкии худро роҳандозӣ мекунад. То замони таҷдиди Агроинвестбонк, маблағи сандуқи қарзии он 50 миллион миллион сомониро ташкил медод, ки 37 миллион сомонии он бозпас пардохта нашуда буд.
Бароти Юсуфӣ, Душанбе