Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Тоҷикистон


Заминларзае, ки соати 2:48-и шаби гузашта Тоҷикистонро такон дод, талафоти ҷонӣ ва хисорот дар пай надошт. Генерал Маҳмадулло Ҳалимов, муовини аввали вазири ҳолатҳои истирории Тоҷикистон ба мо гуфт, неруи заминларза дар пойтахти Тоҷикистон ба 5, 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд. Ӯ афзуд, ки маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон, дар 305 километрии ҷануби шарқи Душанбе воқеъ буд ва он ҷо замин 6 -6,5 дараҷа такон хурдааст. Маҳмадулло Ҳалимов бо такя ба иттилоъи марказҳои зилзиласанҷии кишвар гуфт, ки неруи заминларза дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшони Кӯҳистон ба 4,5 дараҷа расидааст.
Вазорати ҳолатҳои истирории Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи шаби сешанбе - нерумандтарин заминларза дар соли равон буд.
XS
SM
MD
LG