Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба Форуми занони Тоҷикистон


Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми занони кишвар даъват кардааст, дар пешорӯи форуми занони Тоҷикистон ва мулоқоти раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов бо занони тоҷик, тамоми дархост ва пешниҳодоти худро ба ин кумита ирсол кунанд. Зулфия Солиева, мутахассиси Кумитаи занон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқоти раиси ҷумҳурӣ бо занон қарор аст, дар авоили соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ба гуфтаи хонум Солиева, айни ҳол масъулини ин кумита дар маҳалҳо бо занону духтарон дидору гуфтугӯ мекунанд ва бо хостаҳои онҳо шинос мешаванд. Аллакай занони фаъоли ноҳияи Тавилдара, 200-километрии пойтахти Тоҷикистон, дархостномаи худро унвонии кумитаи занон ирсол кардаанд:
Шашто дархост ба раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд: сохтмони сехҳои хурди коркарди мева дар ноҳия, муқарар кардани идрорпулӣ барои духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, онҳо мегӯянд, ҳоли духтарони тавилдарагӣ хеле бад аст, инчунин ҳалли проблемаи бо тухми зироатӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқоние, ки сарваронашон занҳо ҳастанд, муҷаҳҳаз кардани сехҳои дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва ниҳоят, ҷудо кардани грантҳо барои инкишофи соҳибкорӣ дар минтақа.
Ҳамзамон ба иттилоъи Кумитаи кор бо занон, феълан марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи ҳунар» дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷараён дорад. Ҳадафи ин озмун дарёфти бонувони ҳунарманд ва ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи ҳунар» дар рӯзҳои форуми занони Тоҷикистон ва мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо занону бонувон ҷамъбаст хоҳад шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG