Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Рустам ва Расул Боқиевҳо дар Тошканд


Ду гуштигири тоҷик ва бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо рӯзи якшанбе дар мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба гӯштии қураш дар шаҳри Тошканд дар вазнҳои 66 ва 73 килограмм сазовори ҷойи аввал ва нишони тилло шуданд. Дар рақобат бо паҳлавонони Юнон ва Куриёи Ҷанубӣ варзишгарони тоҷик онҳоро шикаст доданд. Расул Боқиев ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тошканд гуфт, аз он хушнуд аст, ки бо бародараш пирӯзи мусобиқот шуданд ва сабаби он гардиданд, ки парчами Тоҷикистон ду маротиба дар варзишгоҳи бузург ва ҳузури мухлисони зиёди шаҳри Тошканд барафрохта шуд.
Расул Боқиев ҳунарнамоии дигар варзишгарони тоҷикро дар мусобиқот мусбат арзёбӣ кард ва аз мураббиёни худ изҳори сипос кард, ки ӯву бародарашро барои ин мусобиқа омода сохтаанд.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG