Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум шудани Эшони Саидакобир ба 20 сол


Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо лақаби Эшони Саидакобир дар Афғонистон маълум буда ва дар қочоқи маводи мухаддир даст доштааст, ба 20 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати амнияти Тоҷикистон, Эшони Саидакобир таи чанд соли ахир дар Афғонистон ба сар бурда ва бо афроди алоҳида, аз ҷумла бо яке аз кормандони фурӯдгоҳи Кӯлоб вокеъ дар 200 - километрии ҷануби Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи мухаддир қочоқ мекардааст. Ӯ ва шариконаш моҳи июли соли ҷорӣ дар натиҷаи як амалиёти якҷояи Вазорати амнияти Тоҷикистон бо ҳамтоёни афғонашон дастгир шуда буданд. Дафтари матбуоти Вазорати амнияти кишвар мегӯяд, маъмури низомии фурӯдгоҳ, ки ба ҳайси сарваколатдори шӯъбаи фаврии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири фурӯдгоҳи Кӯлоб фаъолият мекардааст, низ ба 20 сол ва як узви дигари ин гурӯҳ ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG