Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли маводи мухаддир ба воситаи Осиёи Марказӣ


Искандар

Идораи назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид мавсум ба UNODC хабар дод, ки майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон 21% коҳиш ёфт, вале дар соли 2006 имкон дорад, ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи ин манбаъ дар давоми сол қочоқи маводи мухаддир аз роҳҳои Покистону Осиёи Марказӣ кам ва ба воситаи Эрон зиёд шудааст.
Раиси Идораи СММ дар назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷиноят Антонио Марио Коста гуфт, ки қочоқи афюн ва ҳероин ба воситаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 24 то 19% кам шуда, афзоиши он ба воситаи Эрон, манотиқи курднишини Ироқ ва Туркия ба мушоҳида расид.
XS
SM
MD
LG