Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин парвози чархболҳои низомии Русия дар фазои Душанбе


Чархболҳои полки 23- юми нирӯҳои ҳавоии марзбони Русия пас аз ҳузури 22 сола барои бори ниҳоӣ бо ҷилваи парчамҳои Русияву Тоҷикистон дар фазои Душанбе давр зада ва ахиран ба сӯи шаҳри Новосибирски ин кишвар ҳаракат карданд. Майор Виктор Летов, иҷрокунандаи вазифаи раиси дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Русия дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, қисми низомиимазкур дар наздиктарин фурсат бозсозӣ шуда ва ба ҳифозати марзи миёни Русияву Қазоқистон шурӯъ хоҳад кард. Тибқи созишномаи давлатии миёни Русияву Тоҷикистон ду чархболи полки 23-и нирӯҳои ҳавоии марзбони Русия ба ихтиёри кумитаи марзбонии Тоҷикистон гузошта шуд. Оқои Летов гуфт, мақомоти раҳбарии хадамоти федеролии амниятии Русия тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини амният ва мусоидат ба фаъолияти мушовирони гурӯҳҳои зудамали марзбони худ ва кӯмак ба марзбонони тоҷик дар шаҳри Душанбе даста ва ё гурӯҳи нирӯҳои ҳавоӣ таъсис диҳад, ки ба ҳайати он дар баробари чархболҳо як ҳавопаймои низомии борбар низ дохил хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, шаҳраки низомии полки 23 юми нирӯҳои ҳавоии марзбони Русия ба ихтиёри ҳамтоёни тоҷики худ вогузошта мешавад. Майор Виктор Летов ба суоли он ки бо хурӯҷи низомиён ва ҳамчунин нирӯҳои ҳавоии марзбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ин хатти марз мушкил эҷод намешавад, гуфт, феълан вазъ дар ин минтақаи марз ба эътидол омодааст ва барои нигаҳ доштани полки нирӯҳои ҳавоии марзбон зарурат намондааст. Зеро ба гуфтаи ӯ вазифаи полки мазкурро дар шароити кунунӣ як гурӯҳи нирӯҳои ҳавоӣ метавонад иҷро кунад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG