Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи бесобиқа дар Тоҷикистон


Додгоҳи шаҳри Исфара Аюб Неъматов - раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Конибодомро дахолат ба ҷараёни баргузории интихоботи моҳи феврали соли 2005, тақаллуби натиҷаи овозҳо ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ гунаҳкор дониста, барои ӯ ҷазои ҷаримаи баробар ба 200 маоши ҳадди аққал, муодили тахминан 800 доллар ва маҳрумӣ аз ишғоли мансабҳои муайян дар давоми 3 сол таъйин кард.
Дар ин мурофиа даъвогар Юсуф Аҳмадов - вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи инфиродии Конибодом ва раиси феълии кумитаи оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъот дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон иштирок дошт.
Мирзошариф Ҳоҷибоев додраси додгоҳи шаҳри Исфара зимни эълони ҳукм дар толори додгоҳи Конибодом гуфт, ки Аюб Неъматов - мансабдори ҳукумати ин ноҳия дар рӯзи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон, 27 -уми феврал ба қароргоҳи комиссияи ҳавзаи инфиродии маҳал ҳозир шуда, раисон ва котибони қитъаҳои овоздиҳиро маҷбур кардааст, бо роҳи тақаллуб шумораи овозҳои намояндаи ҳизби ҳокими халқии демократиро зиёд ва теъдоди раъйҳои ба дастовардаи Юсуф Аҳмадов номзади мустақилро кам нишон диҳанд.
Вале Аюб Неъматов на дар давоми мурофиа ва на баъди эълони ҳукм худро гунаҳкор надонист ва ҳукми додгоҳро нисбати худ беинсофона хонд. Ин барои аввалин маротиба аст, ки даст доштани як мансабдори давлатӣ дар нақзи қонуни интихобот эътироф мешавад.
XS
SM
MD
LG