Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат вазъи маорифро таҳқиқ мекунад


Як комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ба санҷиши муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ ва дар заминаи он, таҳқиқи вазъи воқеъии маориф дар кишвар шурӯъ кард. Гурӯҳҳои корӣ, ки иборат аз мутахассисони дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати маориф, кумитаи кор бо ҷавонон ва кумитаи занон будааст, тайи даҳ рӯзи оянда дар макотиби олию миёнаи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон умури тафтишу таҳқиқ гузаронида, то 24-уми ноябр бояд ба ҳукумати ҷумҳурӣ гузориши муфассал перомуни вазъи воқеии мактабу маорифро пешниҳод кунад. Ин тасмими ҳукумати кишвар дар пайи интиқодоти шадиди Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи ғайриқаноатбахши соҳаи маориф сурат гирифтааст. Ахиран, оқои Раҳмонов дар як ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ умуман ба талаботи замон мувофиқ нест. Оқои Раҳмонов дар ин робита вазорати маориф, раисони мактабҳои олӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва масъулони ҳукуматҳои маҳаллию кумитаҳои давлатиро дар бемасъулиятӣ ба соҳаи маориф муттаҳам донист. Замон Алифбеков, мушовири вазири маорифи Тоҷикистон дар робита ба оғози санҷиши муассисаҳои таълимӣ аз сӯйи кумиссиюни ҳукуматӣ гуфт, ки дар пайи ин санҷиш як барномаи давлатии такмил ва рушди маорифи кишвар таҳия хоҳад шуд. Худи вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов низ зимни як дидор аз макотиби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Бохтар, 100-километрии пойтахти кишвар, ба ҳар синфхона ворид шуда, сатҳи дониши толибилмонро санҷиш кард ва зимнан фаъолияти заифи таълимгоҳҳо ва шӯъбаҳои маорифи минтақаи ҷануби Тоҷикистонро шадидан зери интиқод гирифт.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG