Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргҳо аз газидани сагҳо


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо баргузории як нишасти матбуотӣ аз афзоиши теъдоди гирифторони бемории ҳорӣ изҳори нигаронӣ намуд. Сабоҳат Аҳмадбекова, мудири шӯъбаи амрози хатарноки маркази вогиршиносии Тоҷикистон гуфт, танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҳолӣ 12 нафарро саг газидаву маризи ҳорӣ гардонидааст ва қазия бо марги ҳамаи ин афрод анҷомидааст. Бино бар қавли бону Аҳмадбекова, ин рақам зиёд ва изтиробомез аст ва иллати афзоиши ин ҳаводис аз фаъолият бозмондани гурӯҳҳои вижаи боздошт ва нобудсозии сагҳои дайду ва касал будааст. Дар маҷмӯъ, дар нӯҳ моҳи соли 2005 тибқи арқоми расмӣ беш аз 11.000 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷонварон, аслан сагҳо газидаанд. Сабоҳат Аҳмадбекова гуфт, 95 дар сади гирифторони маризии ҳорӣ ба пизишк муроҷиат накардаанд. Муллоҷон Аҳмадбеков, сарбайтори Тоҷикистон илова намуд, барои коҳиши чунин ҳодисаҳо бояд сагҳо эм карда шаванд. Барои эмкунии сагҳои кишвар 20.000 доллар лозим будааст. Як иқдоми дигар барои ҷилавгирӣ аз афзоиши маризии ҳорӣ, ҷорӣ намудани шиноснома барои сагҳо номида шуд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG