Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи ҳайратовари додситонӣ доир ба Ҳизб-ут-Таҳрир


Додситонии Суғд гуфт, дар давоми 2 моҳи ахир дар қиболи беш аз 40 сокини вилоят бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳизб-Ут-Таҳрир парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи Абдуғаффор Қаландаров, додситони Суғд, нафаре аз боздоштшудагон як муҳассили синфи 11 аз ноҳияи Конибодом мебошад: «Ин мактабхон бо таъсири бародаронаш, ки узви Ҳизб-Ут-Таҳрир будаанд, ба ин ҳаракати ифротӣ пайвастааст. Ҳафт нафари боздоштшудагон дар солҳои 2001- 2002 бо ин ҷурм зиндонӣ шудаанд. Мо муайян хоҳем кард, ки ин афрод чӣ тавр, бо мусоидати кадом мансабдор қабл аз мӯҳлати адои ҷазо ба озодӣ баромада, дигарбора ба Ҳизб - Ут - Таҳрир пайвастаанд. Ғайр аз ин 9 нафар аз боздоштшудагон зан ҳастанд. Мо танҳо нисбати як зан чораи ҳабси пешакӣ пешбинӣ намудем, дигарон дар давраи тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар озодӣ ба сар мебаранд.»
Додситони Суғд иттилоъи баъзе аз расонаҳои хабариро, ки аз манзили пайравони Ҳизб - Ут- Таҳрир дар вилояти Суғд силоҳ кашф ва мусодира шудааст, ботил хонд.
Ӯ гуфт, як адад силоҳи Калашников ва сӣ дона тири кашфшуда ба як гурӯҳи дигари ҷиноӣ мансуб буда, ин гурӯҳ, ки то кунун беш аз 8 узваш боздошт шудааст, бо Ҳаракати Исломии Узбакистон иртибот доштааст. Ба иттилоъи додситонии Суғд, боздоштшудагон бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб - Ут - Таҳрир асосан сокини шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов буда, аз 17 то беш аз 40 сол доранд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG