Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзов 8 000 маҳбус, аз ҷумла 6 шаҳрванди тоҷикро афв кардааст


Раисиҷумҳури Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар иҷлосияи Халқ Маслаҳати, порлумони кишвараш дар бораи фармони афви беш аз 8 000 маҳбус хабар додааст. Давлати Туркманистон ҳар сол дар арафаи иди истиқлолияташ, ки ба рӯзи 27 октябр иттифоқ меуфтад, ва ҳам дар арафаи иди шарифи Рамазон бо судури чунин фармон чанд ҳазор маҳбусро афви мекунад.
Наздик ба 8 000 нафар аз маҳбусоне, ки имсол таҳти шароити фармони афв қарор мегиранд, шаҳрвандони худи Туркманистон ва наздики 260 нафари онҳо атбоъи хориҷӣ будаанд. Бино ба хабарҳо, имсол аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам, ки дар зиндонҳои Туркманистон адои ҳукми мекарданд, бо фармони оқои Ниёзов, афв хоҳанд шуд.
Аммо Халқ Маслаҳати пешниҳоди дигари Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбоширо дар бораи баргузории интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ дар соли 2009 радд кард. Аз тақрибан 3 000 вакили ин маҷлис танҳо нафаре, ки аз пешниҳоди президент дастгирӣ кард, худи ӯ будааст.
Оқои Ниёзов феълан 65 сол ва аз соли 1985 зимоми раҳбарии Туркманистонро дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG