Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир - 1" ба Бадахшон барқ медиҳад


Абдулло Ёров, муовини вазири энержии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, зимистони соли равон аҳолии Вилояти Кӯҳистони Бадахшон ба таври доимӣ бо нерӯи барқ таъмин хоҳад шуд. Ӯ гуфт, авоили моҳи ноябр ду агрегати ҷадиди нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» аз сӯйи ширкати «Помир-энержӣ» ба истифода дода мешавад ва зимнан мушкили камбуди барқ дар ғарби Тоҷикистон ҳалли худро хоҳад ёфт: «Ҳоло давраи танзиму санҷиши агрегатҳои сеюму чоруми нерӯгоҳи «Помир-1» идома дорад. Бо ба кор даромадани навбати дуюми нерӯгоҳи мазкур аҳолии шаҳри Хоруғ ва қисман ноҳияи Шуғнон, ки дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, 100 фоиз бо қувваи барқ таъмин мешаванд, ноҳияи Роштқалъа 90 дарсад ва навоҳии Ишкошиму Рӯшон 70-80 фоиз бо барқ таъмин хоҳанд шуд.»
Барои сокинони манотиқи дигари Тоҷикистон нерӯи барқ танҳо барои 10 соат дар як шабонарӯз интиқол дода мешавад. Оқои Ёров ҳамчунин гуфт, феълан ниҳодҳои молиявӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд. Ӯ гуфт, танҳо Бонки Исломии Рушд сохтмони шаш нерӯгоҳи хурд дар кӯҳистони ин кишварро маблағгузорӣ мекунад. Ҳамчунин бо дастгирии молии Бонки Ҷаҳонӣ ва сармоягузорони дигари хориҷӣ бунёди 12 нерӯгоҳи хурд дар ҳавзаи рӯди Зарафшон дар назар аст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG