Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи кишоварзӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон


Дар ҷаласаи густардаи ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов вазъи кишоварзӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он раисони ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, сарони вазорату идораҳои кишвар иштирок карданд. Дар ҷаласа вазирони кишоварзӣ, обёрӣ, иқтисодиёт ва раисони ноҳияҳои кӯҳистон аз вазъи феълии зироаткорӣ ва чорвопарварӣ гузориш доданд. Президент Раҳмонов гуфт, бо мақсади пуштибонӣ аз риштаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон қарзи корхонаҳои кишоварзии таҷдидшуда ва таҷдидшаванда аз истифодаи барқ, газ, об, андоз ва пардохтҳои иҷтимоии онҳо, ки то аввали соли 2003 наздик ба 9 миллион сомониро ташкил дод, бахшида шуд.
Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, соҳаи занбӯрпарварӣ дар кӯҳистон эҳё ва фурӯши асал дар кишвар ва судури он ба хориҷа ба роҳандозӣ шавад. Аммо намояндагони ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон камбуди сармоя ва роҳҳои душворгузари манотиқи худро монеъаҳои асосии рушди кишоварзӣ дар ин ноҳияҳо мешуморанд. Бархе аз корхонаҳо, ки бо кӯшишҳои зиёд дубора ба кор сар карданд, дастгоҳу таҷҳизоти фарсуда дошта, дар бозорёбӣ барои тавлидоти худ ба мушкил рӯбарӯянд.
XS
SM
MD
LG