Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров дар бораи дурнамои ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи якшанбе, 16 октябр дар як сӯҳбати телевизионӣ изҳор дошт, ки бо муҷарради оддӣ шудани вазъи амниятии Афғонистон зарурате барои вуҷуди пойгоҳҳои низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ боқӣ нахоҳад монд ва ин пойгоҳҳо бояд ба думбол аз он минтақа хориҷ шаванд.
Нирӯҳои Амрико 4 сол пеш дар пайи шурӯъи маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар ду кишвари Узбакистон ва Қирғизистон мустақар шуданд. Дар тобистони имсол Тошканд аз Вошингтон тақозо намуд, ки нирӯҳояшро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод, воқеъ дар вилояти Қаршӣ дар зарфи 180 рӯз берун кашад. Русия, қарори маълум, Осиёи Марказиро минтақаи таҳти нуфузи суннатии худ шумурда, бо ҳузури низомии кишварҳои дигар дар ин қаламрав бо ҳассосият дида медӯзад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG