Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои нави Бонки Ҷаҳонӣ ба кишварҳои собиқи коммунистӣ


Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри як гузориши 322-саҳифаӣ ба масоили рушди иқтисодии кишварҳои коммунистии собиқ пардохта, навиштааст, рушди иқтисодии кишварҳое ба мисли Русияву Украина ва Қазоқистон мусоидат кардааст, ки тақрибан 40 милён нафар аз сокинони ин минтақа аз панҷаи фақр наҷот ёбанд.
Аммо ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ, боз 60 милён нафар дар ин қаламрав дар пойини хатти фақр боқӣ монда ва 150 милён нафари дигар худро аз лиҳози иқтисодӣ осебпазир эҳсос мекунанд. Гузориш мизони фақри аҳолиро ба хусус дар ҷамҳуриҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ ба истиснои Қазоқистон, аммо бо шумули Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунад.
Мамта Марфи, иқтисодшиноси Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳатто дар Қазоқистон, ки рушди нисбатан хубтаре ба даст овардааст, мизони фақр дар шаҳру русто сахт фарқ мекунад: "Бо вуҷуди он чӣ ки иттифоқ уфтодааст ва масалан Қазоқистон, ки тавре медонед, дар масоили рушд, коҳиши фақру нобаробарӣ пешрафтҳои хубе дорад, шумо дар ин ҷо байни ҳарду пойтахт ва соъири манотиқи кишвар нобаробарии назаррасеро мушоҳида хоҳед кард."
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузоришаш ҳамчунин дар бораи мушкилоти дастрасии мардуми Шарқи Аврупо ва Шӯравии собиқ ба оби ошомиданӣ ва нотавонии ин давлатҳо ба таъмини рушди риштаи кишоварзии кишварҳои худ изҳори нигаронӣ кардааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG