Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи нав миёни Тоҷикистону Амрико


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри душанбе, 26 август бар иловаи созишнома доир ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамкориҳои ниҳодҳои интизомии ду кишвар қарордоди нави ҳамкорӣ имзо кардаанд. Миёни ин ду кишвар як чунин созишнома моҳи январи соли 2003 имзо шуда буд. Тавре Игор Сатторов сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, қарордоди нав бинобар афзоиш ёфтани кӯмакҳои молии Амрико ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Вай афзуд, ҳукумати Амрико тибқи қарордоди нав ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 9 миллион доллари иловагӣ кӯмак мекунад. Созишномаи мазкурро вазири умури хориҷаи тоҷикистон Талбак Назаров ва сафири Амрико дар Душанбе Ричард Ҳоугленд имзо кардаанд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG