Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Тоҷикистон дар Женева


Кумиссариёи Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳукумати Тоҷикистонро ба хотири ихроҷи панҷ узви як хонаводаи муҳоҷирoни афғон аз шаҳри Душанбе башиддат интиқод карда, гуфт, ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон нақзи амиқи ду аҳдномаи байналмилалӣ ва наҳваи иҷрои он хилофи Қонуни Асосии худи он кишвар аст.
Панҷ муҳоҷири афғон - модар ва се писару як духтари ӯ, ки аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон иқомат ва мақоми паноҳандагӣ доштаанд, миёнаҳои ин ҳафта аз Душанбе ба Афғонистон ронда шудаанд. Дар соли 2004 билофосила пас аз ихроҷи падар, дигар аъзои оила дархости кӯч бастан ба кишвари сеюмро кардаанд ва дар ниҳоят Канада ризоият додааст, се писар ва духтари хонаводаро мепазирад.
Аммо дар оғози соли 2005 комиссияи махсуси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон модари ин чаҳор нафарро аз мақоми паноҳандагӣ маҳрум кардааст. Бонуи муҳоҷири афғон аз рӯи ин қарор ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят намудааст, аммо бо вуҷуди ҳамроҳ доштани асноди қонунӣ ва идомаи баррасии шикоят дар додгоҳи Душанбе, маъмурони интизомии Тоҷикистон ин зан ва чаҳор фарзанди ӯро аз хонаашон ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Кумиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, бо вуҷуди дархости билофосилаи созмон барои дидор бо муҳоҷирин аз мақомоти амниятӣ ин панҷ муҳоҷири афғон рӯзи чоршанбе ба Афғонистон ихроҷ карда шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун сабаби ин амри худро шарҳ надодаанд.
Ба гуфтаи Рон Редмонд - сухангӯи UNHCR, ин иқдоми Тоҷикистон, ки бори аввал нест, боиси таасуф аст, зеро ихроҷи муҳоҷирин нақзи равшани Конвенсияи байналмилалӣ доир ба мақоми паноҳандагӣ ва Конвенсияи байналмилалӣ ба зидди азияту шиканҷа ва дигар рафторҳои ғайринсонӣ аст. Тоҷикистон зери ин ҳар ду санади байналмилалӣ имзо гузоштааст.
Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ҳамчунин аз рафтори мудавоми мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба гуфтаи созмон ба кормандони он ҳаққи дастрасӣ ба афродеро намедиҳад, ки дар боздоштгоҳҳо ҳастанд.
Кумиссариёи паноҳандагони СММ қотеъона ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додааст, тааҳудоти байналмилалии худро, сар аз Конвенсияи паноҳандагон то ба дигар асноди марбут ба ҳуқуқи башар риоя кунад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG