Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти навбатии сарони кишварҳои ҳамсуд


Дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд бо ташкили "гурӯҳи доноён"-и таҳияи барномаи ислоҳот дар Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ, соли ин ниҳод эълон шудани 2006 ва ваъдаи пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба поён расид. Зикр шуд, ки ҳамаи кишварҳои узв хостори ҳифзи ин ниҳоданд, аммо ислоҳи онро тақозо мекунанд, ки баррасии амиқро мехоҳад.
Сарони кишварҳои ҳамсуд инчунин ризоият доданд, ки бояд сиёсати ягонаи марздорӣ ва марзбониро дар пеш гиранд ва муштаракан аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ намоянд. Ҷаласаи сарони кишварҳои ҳамсуд ҳамзамон бо ҷашни 1000-солагии таъсиси шаҳри Қазонро ҷараён гирифт. Баъд аз поёни он нишасти алоҳидаи президентҳо Путин, Лукашенко, Назарбоев ва Юшенко баргузор шуда, дар он таҳкими Фазои ягонаи иқтисодӣ баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни нишасти сарон нашрияи "Коммерсант" хабар дод, ки Туркманистон узвияти худро дар Ҷомеъаи давлатҳои ҳамсуд қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG